Ҷузъи лоиҳа №1 Ҷорӣ намудани парвариши клонҳои аз бета-каротин ғанӣ
Маълумоти умумӣ
Норасоии ғизо дар кудакон дар Тоҷикистон зиёд аст ва боиси мушкилоти ҷиддии саломатӣ мегардад. Таҳқиқоти миллии микроэлементҳо, ки аз ҷониби Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо дастгирии ЮНИСЕФ гузаронида шудааст, сатҳи баланди камхунӣ (44%) ва норасоии йодро (60%) дар байни занони синни таваллудкунанда нишон дод ва ошкор намуд, ки 50% кудакони синнашон аз 5-сола поён ба норасоии йод дучор омадаанд. Тибқи Таҳқиқоти демографӣ ва тандурустӣ, ки соли 2012 гузаронида шудааст, зиёда аз чаҳоряки тамоми кудакон синнашон 0-5 сола ба таъхири афзоиш гирифтор буда, қади аз се як ҳиссаи кудакон барои синну солашон аз ҳад кутоҳ аст. Аз ҳар даҳ нафар кудак як нафар аз норасоии шадиди ғизо азият мекашад ва вазни 12% кудакон кам аст. Чунин шуморида мешавад, ки норасоии ғизо сабабгори 20% ҳолатҳои марги кудакони синнашон то панҷсола мегардад. Барои мубориза бо ин тамоюл, дар пойгоҳи таҷрибавии зироатҳои субтропикии Донишгоҳи боғдорӣ ва сабзавотпарварӣ дар вилояти Хатлон аз соли 1995 то соли 2000 барномаи парвариши картошкаи ширин амалӣ карда шуд. Дар айни замон, якчанд хоҷагиҳои хурд дар ноҳияҳои Қумсангир, Вахш ва мавзеъҳои дигари вилояти Хатлон картошкаи ширин парвариш мекунанд, вале барои муваффақ шудани он лоиҳаи мазкур бояд ба пешбурди парвариши картошкаи ширин бештар машғул шавад. Картошкаи ширин барои Тоҷикистон зироати комилан нав ва ғайриоддӣ мебошад ва дар давоми лоиҳаи пешниҳодшуда ба таблиғи бештар ниёз дорад. Бо назардошти таҷрибаи қаблӣ, мо ба лоиҳа як нақшаи пешбурди парвариши картошкаи ширинро ҳамчун фаъолияти махсус дар кишвар ворид намудем. Ғайр аз он, идиоплазмаи картошкаи ширин дар минтақа мушкилот ба миён меорад, ки он дар рафти ҷорӣ намудан, озмоиш ва тавсия додани клонҳои нави картошкаи ширин аз ҷониби CIP бартараф карда мешавад.
Дар миқёси ҷаҳонӣ картошкаи ширин пас аз биринҷ, гандум, картошка, ҷуворимакка ва кассава дар байни зироатҳои озуқаворӣ ҷои шашумро ишғол менамояд. Аммо, дар кишварҳои рушдкунанда он мавқеи панҷумро ишғол мекунад. Ҳар сол дар ҷаҳон зиёда аз 105 миллион тонна истеҳсол карда мешавад, ки 95% он ба кишварҳои рушдкунанда рост меояд. Картошкаи ширинро дар баландии аз сатҳи баҳр то 2500 метр парвариш кардан мумкин аст. Он нисбат ба зироатҳои дигар, масалан ҷуворимакка, мавод ва меҳнати камтарро талаб мекунад ва ба шароити парвариши экстремалӣ (масалан, беборишӣ, хоки камҳосил) тобовар аст. Ранги пӯст ва мағзи навъҳои картошкаи ширин аз сафед то зард, норанҷӣ ва арғувонӣ тағйир меёбад. Зироати картошкаи ширин назар ба гандум, биринҷ ё кассава аз як гектар дар як рӯз энергияи ғизоии бештар ҳосил мекунад. Он манбаи хуби карбогидратҳо, ғоз (клетчатка) ва микроэлементҳо мебошад. Баргҳо ва навдаҳои он низ хӯрданбоб буда, манбаи хуби витаминҳои A, C ва B мебошанд. Картошкаи ширини мағзаш норанҷӣ манбаи муҳими бета-каротин – прекурсори витамини А – мебошад. Танҳо 125 г решаҳои тару тозаи навъҳои картошкаи ширини мағзаш норанҷӣ дорои миқдори шабонарӯзии кифоя барои кудакони синни томактабӣ мебошад. Картошкаи ширин инчунин манбаи арзишманди витаминҳои В, С ва Е буда, миқдори муайяни руҳ дорад. Ғизошиносон дар Иёлоти Муттаҳида хусусиятҳои эҳтимолии саратонро пешгирӣ кардани антосианинҳоро, ки дар картошкаи ширини мағзаш арғувонӣ вуҷуд дорад, таҳқиқ карда истодаанд. Гарчандеки ҷои баромади он Амрикои Лотинӣ мебошад, дар айни замон Осиё минтақаи калонтарини парвариши картошкаи ширин дар ҷаҳон буда, ҳаҷми истеҳсоли солонаи он ба 90 миллион тонна мерасад. Чин истеҳсолкунандаи ва истеъмолкунандаи азимтарини картошкаи ширин дар ҷаҳон буда, он барои хӯрокворӣ, хӯроки чорво ва коркард (ба хӯрокворӣ ва маҳсулоти дигар) истифода мешавад.
Аҳамияти картошкаи ширин ҳамчун зироати ғизоӣ дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон босуръат меафзояд. Дар қисмати аз Саҳрои Кабир поёни Африқо суръати афзоиши он аз зироатҳои дигар бештар аст. Картошкаи ширин ҳам барои истеъмоли инсон ва ҳам ба сифати хӯроки солим ва арзони чорво истифода мешавад. Таҳқиқотҳои ахир нишон медиҳанд, ки ҳангоми хӯронидани буттаҳои картошкаи ширин ба ҳайвонот онҳо назар ба намудҳои дигари хӯрока камтар гази метан хориҷ мекунанд. Картошкаи ширин таърихи тӯлонии воситаи наҷоти ҳаёт дар вақти бартарфсозии офатҳо дорад. Ҷопониҳо онро ҳангоми аз тӯфон хароб шудани майдонҳои шолӣ истифода мебурданд. Он ҳазорон нафарро дар гуруснагии аввали солҳои 1960-ум дар Чин аз азият нигоҳ дошт ва дар солҳои 1990-ум вақте ки дар Уганда вирус майдонҳои зироати кассаваро нобуд сохт, наҷот бахшид.
Фаъолиятҳое, ки амалӣ карда мешаванд
- Ташкил намудани чор ниҳолхонаи хурд барои истеҳсоли буттаҳои картошкаи ширин, ки дар он, ҳадди аксар се намуди дорои дурнамоии картошкаи ширин зиёд карда мешавад.
- Ташкил кардани 12 қитъаи намоишӣ, ки ҳосилнокӣ ва мутобиқати навъҳои мазкур ба шароити маҳаллӣ озмоиш карда мешавад.
- Дастгирӣ намудани бақайдгирии клонҳои картошкаи ширин ва додани тавсия оид ба истеҳсол.
- Таҳия намудани дастурамали техникӣ бо забони тоҷикӣ барои парвариши картошкаи ширин дар вилояти Хатлон дар асоси мушоҳидаҳо дар қитъаҳои намоишӣ.
- Омӯзонидани кормандони кишоварзии TAWA ва мутахассиони машварат дар соҳаи кишоварзӣ оид ба истеҳсоли картошкаи ширин.
- Ташкил намудани рӯзҳои кушоди саҳроӣ ва тадбирҳои омӯзишии дигар бо назардошти арзёбии ниёзҳо ба омӯзиш.
- Ташкил кардани чорабиниҳо оид ба санҷиши сиффати пухтани картошкаи ширин.
- Таҳия намудани маводи таблиғӣ барои нашр, бо таваҷҷуҳи хоса ба таблиғи картошкаи ширин дар мактабҳо ва боғчаҳои бачагон.
Натиҷаҳое, ки бояд ба даст оянд
- Ҳадди ақал ду навъи нави картошкаи ширин, ки дар таркибашон миқдори зиёди бета-каротин дошта, хусусиятҳои агрономии беҳтарини ба шароити маҳаллӣ мувофиқ доранд ҷорӣ карда, дар хоҷагиҳо озмоиш карда мешаванд, тавсия дода мешаванд, дар Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд ё барои бақайдгирӣ омода карда мешаванд.
- Картошкаи ширин ба таркиби хӯрокворӣ ҳамчун қисмати амнияти озуқавории хонавода дохил карда мешавад.
- Ақалан як деҳқони маҳаллӣ дар ҳар ноҳия дорои қобилияти парвариши зироати картошкаи ширин мегардад ва ин технологияро ба дигар деҳқонони маҳаллӣ интиқол медиҳад.
- Донишу таҷрибаи мутахассисони кишоварзии маҳаллӣ оид ба истеҳсоли картошкаи ширин афзун мешавад.