Муаррифии Маркази байналмилалии картошка
Маркази байналмилалии картошка (CIP) як муассисаи таҳқиқоти кишоварзӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад, ки ба зироатҳои бехмева тахассус дода шуда, ба дарёфти ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои гуруснагӣ, камбизоатӣ, баробарии гендерӣ, тағйирёбии иқлим ва таназзули захираҳои табиӣ нигаронида шудааст. Тавассути идораи марказии худ дар Перу ва дафтарҳо дар 20 кишвар, CIP таҷрибаи ҷаҳонии 45-сола дар самти таҳқиқоти картошка ва картошкаи ширинро пешкаш менамояд. CIP узви CGIAR, шарокати ҷаҳонӣ оид ба таҳқиқоти кишоварзӣ барои таъмин намудани ояндаи аз ҷиҳати озуқаворӣ амн, мебошад. CIP навъҳои ба шароити иқлим тобовар ва серғизои картошкаи ширин, картошка ва сабзавот, аз ҷумла навъи биофортифкатсионии картошкаи ширини мағзаш норанҷиро (КШМН-OFSP) ба вуҷуд овардааст, ки барои ин дар соли 2016 олимони CIP соҳиби Ҷоизаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ гаштанд. Инчунин, дар соли 2016 барои саҳмгузорӣ ба паҳншавии картошкаи ширин дар байни деҳқонон ва хонаводаҳои Африқо бо мақсади мубориза бо норасоии витамини А (НВА), ки яке аз намудҳои хатарноктарини норасоии ғизо мебошад, CIP барандаи Ҷоизаи Амнияти Озуқаворӣ гашт. Барномаҳои илмиву тадқиқотии CIP, дар якҷоягӣ бо пешниҳоди натиҷаҳои илми растанипарварӣ ва таҷрибаи пешрафта, барои баланд шудани сатҳи ҳосилнокӣ, даромадҳо ва саломатии миллионҳо деҳқонон ва оилаҳо дар саросари ҷаҳон василаҳо фароҳам оварданд. Аз нуқтаи назари CIP аз байн бурдани гуруснагӣ аз васл кардани таҳқиқоти илмии фарогир бо фаҳмиши амиқи рафтори инсон иборат аст. Дастаи мо дар самти ошкорсозии хусусиятҳои аз маводи ғизоӣ ғанӣ будани зироатҳои решагӣ ва бехмеваҳо кор бурда, ҳамзамон маъракаҳо оид ба ташаккулёбии талаботро ба роҳ меандозад, ки завқ, урфу одатҳои маҳаллӣ ва имконоти бозорро ба назар мегиранд.
CIP дар Африқо, Осиё ва Амрикои Лотинӣ портфели азими лоиҳаҳо ва барномаҳоеро амалӣ намудааст, ки ба таври назаррас ба хоҷагидорони хурд ва ҷомеаҳои онҳо манфиатҳои ғизоӣ ва иқтисодӣ овардаанд. Дар саросари олам, дар самти парвариши картошка фаъолиятҳое амалӣ карда шуданд, ки занҷираҳои арзишро таҳким медиҳанд, нақши онро дар гуногунии таркиби ғизо ва амнияти озуқаворӣ таъкид менамоянд ва навъҳои аз оҳану руҳ ғании биофортификатсияшудаи картошкаро ҷорӣ менамоянд. Илова бар он, КШМН-ро ҳамчун зироати асосии биофортификатсияшуда дар тамоми ҷаҳон ва манбаи беҳтарини витамини А барои кудакон ва занон истиқрор бахшид ва дар сафи пеши таҳия ва ҷорӣ намудани технологияҳо ва талошҳои марбута оид ба ғизо дар Африқо ва Осиё дар шарокат бо муассисаҳои миллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ қарор дошт.
Барномаҳои CIP инҳоянд:
- CIP низомҳои таъмини тухмӣ, технологияҳо ва омӯзишро таҳия намуд, ки дастрасии хоҷагидорони хурдро ба технологияҳои пешрафтаи ғизоӣ ва малакаҳои алоқаманд беҳтар месозанд. Ин низомҳои таъминро корхонаҳои хурд ва шабакаҳои деҳқононе идора менамоянд, ки бо хадамотҳои машваратии миллӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва тандурустӣ ҳамкорӣ мекунанд.
- CIP ба шарикон дар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ таҳқиқоти илмӣ ва технологии муосир дар соҳаи озуқавориро барои таҳлил ва таҳияи маҳсулоти ғизоӣ дар асоси зироатҳои решагӣ ва бехмевагӣ пешниҳод менамояд.
- CIP ин чорабиниҳои техникиро таҳти Бархӯрди маҷмуии Кишоварзӣ-Ғизо-Маркетинг муттаҳид намудааст, ки то ин дам ба шароити зиёда аз 12 кишвар мутобиқ карда шуда, собит гаштааст, ки имкони паҳн намудани он дар байни шарикони мухталиф аз бахши давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мавҷуд аст.
- CIP дорои таҷрибаи бисёрсолаи таҳия намудани низомҳои тухмӣ ҳам барои картошка ва ҳам барои картошкаи ширин дар кишварҳои рушдкунанда, аз ҷумла инноватсияи тухмии насли барвақтӣ (озмоишгоҳҳои зироати бофтаӣ, парвариши бехок (гидропоника) ва усулҳои дигари афзоиши босуръат) мебошад.
- CIP дорои таҷрибаи доманадор дар самти таҳияи бархӯрдҳои ба гендер ҷавобгӯ ва фарогир ба рушди занҷираҳои арзиш, аз ҷумла интихоби навъи ба талаботи гендерӣ ҷавобгӯ, василаҳои ба гендер мутобиқи занҷираи арзиш ва амалияҳо ва технологияҳои аз ҷиҳати гендерӣ ҳассос мебошад, ки барои ниёзҳои мардон ва занон мувофиқанд. CIP дар самти тавсеаи имконоти ба даст овардани даромадҳо ва роҳ ёфтан ба бозорҳои бузургтар ва серрақобат бо занони деҳқон ва тоҷир кор бурдаааст.
- CIP дорои таҷрибаи эътирофшуда дар созмондиҳии шарокатҳо бо шарикони маҳаллӣ дар соҳаи таҳқиқот ва рушд ва ташкилотҳои таҳқиқотии байналмилалӣ мебошад. USAID имкон дорад, ки натанҳо технологияҳо ва усулҳои таҳиянамудаи CIP, балки дониш ва малакаҳои навоваронаи ҷомеаи ҷаҳонии селексионерҳо, таҳқиқотчиён, коршиносон, техникҳо, мутахассисон оид ба рушд ва инчунин шабакаи шарикони муассисавии байналмилалӣ, миллӣ ва маҳалли моро дар амал ҷорӣ намояд.
- CIP пешсафи шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ дар самти таҳия ва ҷорӣ намудани навъҳои биофортификатсияшуда ва аз витамини А ғании ба шароити маҳаллӣ мутобиқи КШМН мебошад, ки метавонад дар шароити мураккаб, аз қабили таъсири манфии тағйироти шадиди иқлим, аз ҷумла хушксолӣ, обхезӣ, ҳарорати баланд, шӯразании шадиди хок ва ҳашароти зараррасону бемориҳои нав, ҳосилнокии боэътимодро таъмин намояд.
- CIP аввалин шуда истеҳсоли пюреи дурудароз нигоҳдошташавандаи КШМН-ро дар Африқо ҳамчун маҳсули нимтайёри стратегӣ барои мубориза бо вайроншавии зуди картошкаи ширин ва фароҳам овардани доираи васеи истифодаҳои тиҷории КШМН барои маводи ғизоӣ дар бозорҳои деҳот ва шаҳрҳо ба роҳ мондааст.