14 майи соли 2018. Намояндагони донор аз маҳалҳои амалисозии лоиҳа боздид карданд: Лайам Гарви, Мутахассис оид ба харид ва кумак, USAID/Осиёи Марказӣ, Алмаато, Қазоқистон, Муҳиддинҷон Нурматов, Мутахассиси идоракунии лоиҳа /Дафтари Рушди Иқтисодӣ, USAID/Осиёи Марказӣ, Душанбе, Тоҷикистон ва Фаррух Шоимардонов, Сардори гурӯҳ, Лоиҳаи соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон.
Мушовири миллии лоиҳа Маҳмадзамон Сулангов меҳмононро дар сафари саҳроӣ ҳамроҳӣ кард. Майдони кишти саноатии картошка дар ноҳияи Вахш, ҷамоати Рӯдакӣ, қитъаи Чапаев ки ба деҳқони CIP Назриев Убайдулло тааллуқ дорад ва майдони ба тозагӣ киштшудаи картошкаи ширин дар худи ҳамон ҷамоати Рӯдакӣ, қитъаи Чапаев-1, ки ба деҳқони CIP Шарипов Анвар тааллуқ дорад. Ҳарду майдонҳо дар наздикии якдигар ҷойгир шудаанд.