МУВАФФАҚИЯТҲО
Убайдулло Назриев, деҳқон аз деҳаи Чапаеви ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, соли 1954 таваллуд шудааст. Вай мутахассиси соҳаи муҳосибиву молия буда, оилаи калони иборат аз 17 аъзо, аз ҷумла 8 набера, дорад (Расми 8). Вай 2,8 га замин дорад ва асосан ба пахтакорӣ машғул аст. Дар як қитъаи хурд картошка шинонида буд, ки барои он тухмии навъи номаълумро аз бозори маҳаллӣ харидааст. Дар соли 2015 Назриев манфиатгирандаи лоиҳа шуд ва истеҳсоли картошкаро бо истифодаи навъҳои Маркази байналмилалии картошка CIP ва технологияҳои инноватсионии истеҳсоли картошка оғоз намуд.

Photo 8. Mr. Ubaidullo Nazriev’s family, Khatlon.
Аз соли 2016 инҷониб вай ба фуруши картошка дар бозори маҳаллӣ оғоз намуд, зеро талаботи хонаводааш пурра таъмин гашт ва картошка барои фурӯш боқӣ монд. Бо вуҷуди баланд будани арзиши тухми хушсифати картошка, Назриев даромади иловагӣ гирифт, ки ин ба вазъи иқтисодии оилааш таъсири мусбӣ расонид. Пас аз ҷорӣ намудани усули ба таври сунъӣ қатъ кардани беҳаракатии ҳосили картошкаи нав, Назриев мушкилоти асосиро дар истеҳсоли картошка ҳал намуд, зеро дар давраи дуюми парвариш картошкаи тухмӣ бениҳоят камчин аст. Аз ин сабаб, вай аз кишти такрории картошка дар мавсими дуюми парвариш даромади иловагӣ ба даст овард.

Photo 9. Mr. Nazriev’s commercial potato production farm, Khatlon.
Пас аз 3 соли кор бо навъҳои CIP, Назриев қарор дод, ки истеҳсолкунандаи тухмӣ шавад, чунки дар се соли охир вай ба хулосае омад, ки истеҳсоли тухмии картошка бо истифодаи навъҳои тобовар ва технологияҳои инноватсионӣ ниҳоят фоидаовар аст. Барои дастгирии ӯ, дар соли 2017 CIP барои коркарди тухмии картошка бо мақсади ба таври сунъӣ қатъ кардани давраи беҳаракатии тухмӣ дар хоҷагии ӯ як анбори нигоҳдорӣ (ҳуҷраҳои бо CoolBot таҷҳизонида) сохт. Барои созмон додани занҷираи арзиши мукаммали истеҳсоли картошкаи тухмӣ, CIP дар хоҷагии Назриев як қитъаи намоишии истеҳсоли саноатии картошка дар вилояти Хатлонро таъсис дод. Бартариҳои инноватсияҳои ҷоришуда тавассути паҳнсозии навъҳо ва технологияҳои татбиқшуда дар миқёси саноатӣ парвариш карда мешаванд, ки ба деҳқонони манфиатгиранда фоидаи зиёд меорад (Расмҳои 9 ва 10).

Photo 10. Ubaidullo Nazriev’s CoolBot, Khatlon
Инчунин, Назриев дар якчанд омӯзишҳо оид ба истеҳсоли картошкаи хӯрокӣ ва тухмӣ иштирок намуд. Вай малакаҳои худро дар ин соҳа такмил дод ва ҳоло ба деҳқонони дигар дар минтақа хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд.
Дар хоҷагии мазкур 2368 м2 замин барои картошкаи CIP ва технологияҳои инноватсионӣ ҷудо карда шуд; 5,127 тонна картошка истеҳсол карда шуд, ки аз он 2,5 тонна бо нархи 2 сомонӣ фурӯхта шуд ва 513 кг (10%) барои тухмӣ дар мавсими парвариши дуюм нигоҳ догта шуд ва 2,115 тоннаи дигар барои истеъмол дар оила боқӣ монд. Оилаи Назриев аз истеҳсоли картошка ба маблағи умумии 10254 сомонӣ ($1,367,20) даромад гирифт. Хоҷагии вайро хоҷагии намунавии занҷираи арзиши картошка дар вилояти Хатлон шуморидан мумкин аст.