Асосноккунии лоиҳа
Тоҷикистон, ки бо сатҳи баланди норасоии ғизо дучор омадааст, яке аз кишварҳои мавриди таваҷҷуҳи барномаи Озуқаворӣ ба хотири оянда – ташаббуси ҷаҳонии Ҳукумати ИМА оиди мубориза бо гуруснагӣ ва амнияти озуқаворӣ мебошад. Дар айни замон, норасоии ғизо дар Тоҷикистон дар 30.7% таъхири афзоиш ва 6.87% лоғарӣ ифода меёбад. Таъхири афзоиш ва лоғарӣ мувофиқан бо норасоии кутоҳмуддат ва дарозмуддати макроэлементҳо ва микроэлементҳо, аз қабили витамини А, оҳан, руҳ, йод ва сафедаҳои ҳайвонӣ алоқаманданд. Инчунин, аксар вақт касалиҳои сироятии (уфунатҳои) гуногун таъсири онҳоро боз ҳам бадтар мекунанд. Лоиҳаи пешниҳодшуда ба коҳиш додани сатҳи таъхири афзоиш ва лоғарӣ дар байни кудакони синнашон то 24-моҳа ва норасоии ғизо дар байни занони синни репродуктивӣ дар Минтақаи нуфузи лоиҳа (МНЛ) саҳм мегузорад. Лоиҳаи мазкур ба афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол ва истеъмоли сабзавоти серғизо, аз қабили картошкаи ширини витамини А, оҳан ва руҳ ғанӣ, нигаронида шудааст. Инчунин, лоиҳа технологияҳои мувофиқ ва камхарҷро барои афзун намудани даромади деҳқонони дорои қитъаҳои хурди замин дар МНЛ ҷорӣ менамояд.
Занҷираҳои арзиши картошка ва картошкаи ширин ҳамчун имкониятҳои арзишманде муайян карда шудаанд, ки ба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва норасоии ғизо дар кишвар саҳм мегузоранд. Азбаски картошкаи ширини мағзаш норанҷӣ (КШМН) ва навъҳои нави картошка мувофиқан аз каротиноидҳои провитамин А, оҳан ва руҳ ғанӣ мебошанд, онҳо метавонанд дар ҳалли мушкилоти норасоии ғизои кудакон, ки дар Тоҷикистон паҳн шудааст, кумак расонанд.
Дар мавриди картошка, ҷорӣ намудани навъҳои биотикӣ ва абиотикии ба стресс тобовар, ки ба шароити мушаххаси маҳаллӣ мутобиқ мебошанд ва ба роҳ мондани амалияҳои пешрафтаи идоракунии истеҳсолот самтҳои асосии чорабиниҳои оянда дар соҳаи картошкапарварии Тоҷикистон мебошанд. Илова бар ин, дастрасӣ ба донишу иттилоот оид ба усулҳои такмилёфтаи коркард пас аз ҷамъоварии ҳосил (ба навъҳо ҷудокунӣ, нигоҳдорӣ, нешзанонии пешакӣ), баровардан аз ҳолати беҳаракатӣ ва таҷрибаи пешрафта оиди беҳтарсозии истеҳсоли тухмӣ дар хоҷагиҳои маҳаллӣ, ҷорӣ намудани мубориза бо бемориҳо ва ҳашароти зараррасон, идоракунии устувори истифодаи хок ва идоракунии маҷмуии маводи ғизоӣ аз зумраи дигар омилҳои асосие мебошанд, ки бояд барои истеҳсоли бомуваффақияти картошка ба назар гирифта шаванд. Навъҳои ба стресс тобовар ҳосилнокии картошкаро ба 25-35% баланд мебардоранд.
Аз соли 2011 инҷониб, Маркази байналмилалии картошка (CIP) тибқи афзалиятҳои минтақавӣ дар Тоҷикистон ду лоиҳаро амалӣ намуд, ки ба ҳадафҳои стратегии CIP дохил мешаванд: Беҳтар сохтани амнияти озуқаворӣ дар Осиё тавассути интенсификатисияи низомҳои ғалладонагии маҳаллӣ бо навъҳои зудраси картошка. Номи кутоҳи он Картошкаи зудрас барои Осиё мебошад. Он лоиҳаҳо инҳо мебошанд: “Навъҳои картошка ва технологияҳои идоракунии такмилёфтаи захираҳои об барои беҳтар сохтани самаранокии истифодаи об, тобоварӣ, самаранокии иқтисодӣ ва ҳосилнокии хоҷагиҳои хурд дар муҳити ба стресс дучоромадаи Осиёи Марказӣ” бо дастгирии Bundesministerium für wirtschaftliche Zusammenarbeit und Entwicklung (BMZ) ва “Дастгирии истеҳсоли картошка ва таҳқиқот оиди беҳтар гардонидани амнияти озуқаворӣ дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо дастгирии USAID. CIP, дар якҷоягӣ бо шарикони маҳаллӣ (донишкадаҳои илимӣву тадқиқотӣ, ташкилотҳои хусусӣ ва деҳқонони маҳаллӣ) дар Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои лоиҳа як қатор озмоишҳои таҳқиқотӣ гузаронд. Натиҷаҳо мувофиқи мақсад будани навъҳои ба гармӣ ва хушкӣ тобоварро барои баланд бардоштан амнияти озуқаворӣ ва даромаднокӣ ва ҳамчунин барои мусоидат ба коҳиш додани осебпазирии минтақа аз гармшавии ҷаҳонӣ нишон доданд. Натиҷаҳои лоиҳаҳои мазкур нишон медиҳанд, ки ин як имкони нави интенсификатсияи кишоварзии ба иқлим тобовар дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Навъҳои такмилёфта ва ба стресс тобовар дар якҷоягӣ бо реҷаҳои обёрии санҷидашуда ва камхарҷ барои майдонҳои кишти картошка дар муҳити ба стресс дучоромадаи Осиёи Марказӣ имкони коҳиш додани оқибатҳои манфии тағйироти иқлимро дар бар мегиранд. Дар айни ҳол Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои осебпазири сайёра аз ҷиҳати гармшавии ҷаҳонӣ буда, пешгӯӣ карда шудааст, ки дар давоми 35 соли оянда дар он ҷо ҳарорат ба 1° баланд хоҳад шуд. Пешбинӣ мешавад, ки ин ба навъҳои мавҷудаи гандум таъсири харобиовар мерасонад. Клонҳои серҳосил ва ба рӯзи дароз ва шӯразанӣ тобовари картошкаи CIP метавонанд дар Осиёи Марказӣ ҷорӣ карда шуда, ба қайд гирифта шаванд ва ҳамин тариқ вазъи иҷтимоиву иқтисодии деҳқонони осиёи Марказиро беҳтар созанд.
Ҷорӣ намудани картошкаи ширин ҳамчун зироати нав имкониятҳои навро дар самти коҳиш додани норасоии ғизо ва амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон фароҳам меорад.
Лоиҳаи 36-моҳае, ки аз ҷониби CIP дар инҷо пешниҳод карда мешавад, аз се марҳилаи амалисозӣ иборат аст. Дар соли аввал, навъҳои картошкаи ширин ҳамчун зироати нав дар қитъаҳои намоишии маҳдуд озмоиш карда мешаванд. Дар соли дуюм, навъҳои ояндадори картошкаи ширин дар ҳар яке аз 12 ноҳияҳо аз ҷониби деҳқонони пешсаф ва пуртаҷриба озмоиш карда мешаванд. Дар соли сеюм, қаламчаҳо ба деҳқонон ва хонаводаҳои маҳаллие, ки хоҳиши парвариши онҳоро доранд, тақсим карда дода мешаванд. Боз як қисмати муҳими лоиҳа ҷорӣ намудан ва озмоиш кардани технологияҳои нав ва паҳн намудани технологияҳои санҷидашудаи лоиҳаҳои қаблӣ дар соҳаи картошкапарварӣ дар МНЛ мебошад. Технологияҳои мазкур аз инҳо иборатанд: истеҳсоли картошкаи барвақтӣ, аз ҳолати беҳаракатӣ баровардани картошкаи ҳосили нав барои кишти такрории он дар мавсими дуюми парвариш ва истифодабарии тӯри ҳашарот барои ҳифзи ниҳоли картошка аз ширинча, магаси сафед ва ҳашароти дигар.
Ҷиҳати муҳими дигари лоиҳа нақши он дар озмоиши инноватсияҳо мебошад: картошкаи ширин ҳамчун зироати нав; навхҳои нави картошкаи ширин; технологияҳои нави парвариши картошка; ва технологияҳои нави кишоварзӣ. Пас аз он, инноватсияҳои беҳтарин барои паҳнсозӣ тавсия дода мешаванд. Лоиҳаи мазкур бо Фаъолияти кишоварзӣ ва истифодаи об дар Тоҷикистон (TAWA) барномаи USAID Озуқаворӣ ба хотири оянда ҳамкории наздикро ба роҳ мемонад ва амалияҳои дорои дурнамои хуб ва навъҳои мувофиқро паҳн менамояд. Дар ин шарокат, нақши лоиҳаи нав аз таҳия ва озмоиши тавсияҳо ва омӯзонидани кормандони лоиҳаи (TAWA) оид ба технологияҳои дар Ҳаҷми корҳо зикршуда иборат мебошад.