Ҷузъҳои лоиҳа
Ҷузъҳои асосии лоиҳа инҳоянд:
- –Ҷорӣ намудани парвариши навъҳои аз бета-каротин ғанӣ ва таҳияи технологияҳои истеҳсоли онҳо.
- Баланд бардоштани самаранокии истеҳсоли картошка бо роҳи ҷорӣ ва паҳн кардани а) клонҳои ба хушксолӣ тобовар ва аз дарозии рӯз новобастаи картошка, ки ба шароити маҳаллӣ мутобиқ аст, б) технологияи хоҷагидории нав ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок ва 3) такмил додани амалияи идоракунии истеҳсолот дар хоҷагиҳои хурд.
- Тақвият бахшидани тавонмандиҳои муҳаққиқон, мушовирон, деҳқонон ва ташкилотҳои таҳқиқотии маҳаллӣ, аз ҷумла Донишкадаи ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба вуҷуд овардани навъҳои нави картошка ва картошкаи ширин ва паҳн намудани онҳо.