Ҷузъи лоиҳа №2 Баланд бардоштани самаранокии истеҳсоли картошка
Маълумоти умумӣ
Сатҳи зиндагии тақрибан 60% аҳолии Тоҷикистон аз хати камбизоатӣ пасттар буда, аксар одамони камбизоат дар деҳот тамаркуз ёфтаанд. Деҳқонон ва муҳаққиқон ба кумак дар омӯхтани навъҳои такмилёфта ва устувори зироатҳо бо тобоварӣ ба омилҳои биотикӣ ва абиотикӣ, ки ба шароити мушаххаси маҳаллӣ мутобиқ мебошанд, то ки оқибатҳои хушксолӣ ва дигар таъсироти ҷиддии тағйирёбии иқлим, ки дар минтақа дар назар дошта шудааст, коҳиш дода шавад. Картошка яке аз зироатҳои асосӣ дар Осиёи Миёна буда, дар ин минтақа ҳамчун “нони дуюм” маълум аст. Картошка дар Тоҷикистон аз оғози асри 20 инҷониб парвариш карда мешавад ва дар тамоми минтақаҳои хок ва иқлимии кишвар ҳузур дорад. Дар соли 2014 майдони кишти ин зироат дар хоҷагиҳои давлатӣ ва шахсӣ ба 35500 га расид. Дар соли 2014 ҳаҷми истеҳсоли картошка 853700 тоннаро ташкил дод. Ҳосилнокии миёна аз як гектар ба 23.6 тонна баробар аст Хоҷагиҳои давлатӣ 91730 тонна (10.7%), хоҷагиҳои деҳқонӣ 343450 тонна (40.3%) ва хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ 418,599 тонна (49%) картошка истеҳсол намуданд. Дар маҷмуъ, майдони кишти картошка 5% заминҳои киштро ташкил медиҳад (манбаъ: Академияи илмҳои кишоварзӣ). Донишу малакаҳои анъанавии ҷамъомада дар байни картошкапарварон имкон медиҳанд, ки технологияҳо ва навъҳои нави картошка ҷорӣ карда шаванд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон картошкаро ҳамчун зироати баландарзиши манбаи даромад муайян намудааст ва сиёсаташ дар ин самт мусоид аст
Минтақаҳои асосии картошкапарварӣ кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ мебошанд, зеро дар онҳо хок ва иқлим барои ин зироат мусоид ҳастанд. Картошка дар намудҳои гуногуни хок парвариш карда мешавад, вале ҳосилнокии беҳтарин дар хокҳои хуб коркардашудаи сабук ва миёна ба даст меояд. “Маҳсулнокии ғизоии” ин зироат махсусан баланд аст: ба ҳар як метри мукааби ба киштзор додашуда картошка 5600 калория энергияи ғизоӣ ба вуҷуд меорад, дар ҳоле ки ҷуворимакка 3860, гандум 2300 ва биринҷ ҳамагӣ 2000 калория медиҳад. Инчунин, дар картошка миқдори зиёди витамини С, оҳан ва руҳ мавҷуд аст. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ картошка яке аз беҳтарин зироатҳо барои амнияти озуқаворӣ ва ба даст овардани даромад мебошад, вале талаботи баланд ба навъҳои серҳосили картошка, ки ба вирусҳо тобовар, ба хушксолӣ, гармӣ ва шӯразанӣ тоқатпазир ва аз ин рӯ, ба шароити парвариши маҳаллӣ мутобиқ ҳастанд, ҷой дорад. Ҷорӣ намудани чунин навъҳо метавонад ба рушди иқтисодии Тоҷикистон саҳм гузорад.
Бартарии муҳимтарини бахши картошкапарварӣ дар Тоҷикистон мусоид будани иқлим, алахусусус дар вилояти Хатлон мебошад, ки дар он ҷо дар як сол ду мавсими парвариши зироатҳо мавҷуд аст. Дар вилояти Хатлон картошка метавонад дар мавсими тирамоҳ нашъунамо кунад, дар ҳоле ки парвариши дигар зироатҳо имкон надорад. Бо вуҷуди ин, дар мавсими кишти дуввум деҳқонон ба тухмӣ дастрасии кофӣ надоранд. Бино бар ин, лоиҳаи мазкур имконпазирии ҳамчун тухмӣ истифода бурдани ҳосили картошкаи дар моҳи июн ҷамъоваришударо меомӯзад. Барои ин беҳаракатии тухмӣ бояд бо роҳи таъсиррасонии кимиёвӣ ё механикӣ ва/ё истифодаи навъҳои дорои давраи беҳаракатии хеле кутоҳ қатъ карда шавад.
Фаъолиятҳое, ки бояд амалӣ карда шаванд:
- Ҷорӣ намудани навъҳои аз дарозии рӯз новобастаи картошка, ки ба шароити вилояти Хатлон мутобиқ аст.
- Ташкил намудани қитъаҳои намоишии парвариши картошкаи барвақтӣ ва кишти картошка дар мавсими дуюми парвариш бо истифодаи усулҳои қатъ кардани беҳаракатӣ. Ин раванд бояд дар саҳро сурат гирад ва деҳқононро водор созад, ки ин усулҳоро ҳамчун модули тиҷорӣ истифода баранд.
- Таҳия ва ҷорӣ намудани амалияҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла омӯзиш, рӯзҳои намоишӣ, машварат ва ғайра.
- Таҳияи мавод барои паҳн намудани тавсияҳо доир ба:
- Технологияҳои инноватсионии парвариши картошкаи барвақтӣ тавассути кишти тирамоҳӣ, зуд пухта расидан ва ҷӯякҳои паст;
- Ҷорӣ намудани технологияҳои селексияи манфӣ ва мусбӣ барои истеҳсоли тухмии картошка;
- Усулҳои ба таври сунъӣ қатъ намудани беҳаракатии картошкаи нав ҷамъоваришуда бо мақсади истифодаи он ҳамчун тухмӣ дар мавсими парвариши дуюм;
- Усулҳои дар ҷӯякҳои баланди бо тӯри зидди ҳашарот пӯшонидашуда парвариш кардани картошка барои муҳофизати растанӣ аз ҳашарот ва сояафканӣ ҳангоми парвариш дар мавсими кишти такрорӣ.
- Муайян намудани ақалан се нафар деҳқонони ҳамкорикунанда, ки ба нигоҳдории тухмии картошка ва истифодаи он дар мавсими кишти такрорӣ тавассути қатъ кардани бехатарӣ мароқ доранд. Лоиҳа ба деҳқонон дар мавриди усулҳои гуногуни қатъ кардани беҳаракатӣ, аз ҷумла коркарди кимиёвӣ, ивазкунии ҳарорат ва истифодаи усули CoolBot кумаки техникӣ хоҳад расонд.
- Дастгирӣ намудани бақайдгирии клонҳои картошка ва додани тавсия оид ба истеҳсол.
- Паҳн намудани технологияҳо тавассути гурӯҳҳои худкумаки USAID
Натиҷаҳои пешбинишаванда:
- Навъҳои картошкаи аз дарозии рӯз новобаста интихоб карда шуда, дар хоҷагиҳо озмоиш карда мешаванд, тавсия дода мешаванд, дар Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд ё барои бақайдгирӣ омода карда мешаванд.
- Ҳадди ақал ду клони нави картошка барои бақайдгирӣ тавсия дода мешаванд.
- Технологияҳои инноватсионӣ дар а) парвариши картошкаи барвақтӣ б) навъҳои тезпазак в) ҷӯякҳои паст г) қатъ кардани беҳаракатӣ ва д) тӯрҳо барои муҳофизати растаниҳо аз ҳашароти зараррасон таҳия, озмоиш ва дар байни деҳқонони маҳаллӣ паҳн карда мешаванд.
- 500 нафар мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва деҳқонони маҳаллӣ бо омӯзиш оид ба парвариши картошка дар ҷӯякҳои паст, қатъ кардани беҳаракатӣ ва истифодаи тӯрҳо барои муҳофизати растаниҳо аз ҳашарот фаро гирифта мешаванд.
- Ҳосилнокии картошка дар мавсими кишти дуюм то 35% афзоиш меёбад.
- Ҳадди ақал се деҳқони маҳаллӣ, технологияи нави ҳамчун тухмӣ барои мавсими кишти дуюм истифода бурдани ҳосили нави картошкаро ҳамчун модели тиҷорӣ татбиқ менамоянд.