PSPS&R

  • БЕНЕФИСИАР
  • English
  • Tajik
  • HOME
  • ABOUT US
    • Introduction to CIP
    • CIP Gene Bank
    • Potatoes on Mars
  • PROJECT INFORMATION
    • Promo Video
    • Sweetpotato Animation
    • Learning Film
    • Project Rationale
    • Goal
    • Objective
    • Project Components
    • Project Component #1
    • Project Component #2
    • Project Component #3
    • Sweetpotato beneficiaries
  • ACTIVITIES
    • Activities under project component #1
    • Activities under project component #2
    • Activities under project component 3
    • Lesson Learned
    • Successes Story
  • MEDIA
    • News
    • Events
    • Gallery
 January 27, 2023

Сабақҳои омӯхташуда

Сабақҳои омӯхташуда

  1. Фарогирӣ бо забони маҳаллӣ ва мутобиқ намудани дастурҳои техникӣ ва протоколҳои лоиҳа ба шароит ва забони маҳаллӣ – Сатҳи саводнокии занон дар минтақае, ки мо кор мекунем аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ баландтар аст. Ин сатҳи саводнокӣ ба қобилияти хондан ва сухан гуфтан бо забони русӣ асос ёфтааст. Дар байни занон шахсоне, ки танҳо бо забони маҳаллӣ ҳарф мезананд, нисбат ба мардон бештар аст. Меъёрҳои иҷтимоиву фарҳангӣ аксар вақт имкони ҳаракат ва дастрасии онҳо ба таҳсилотро маҳдуд месозад, ки омили надонистани забони русӣ мебошад. Бино бар ин, барои фаро гирифтани ин занон мо кормандони маҳаллиро ба кор қабул мекунем ва бо шариконе ҳамкорӣ мекунем, ки ҳам забони русӣ ва ҳам забони маҳаллиро медонанд. Онҳо ҳамчун ҳалқаи тамос байни лоиҳа ва заноне, ки бо забони русӣ ҳарф намезананд хизмат карда, тавассути тарҷума маълумоти фаҳмондадиҳии лоиҳаро бо забони маҳаллӣ паҳн мекунанд. Илова бар он, тамоми дастурамалҳо ва тавсияҳои лоиҳа барои истифодаи деҳқонон бо забони тоҷикӣ таҳия ва нашр карда мешаванд. Омӯзишҳо ва рӯзҳои саҳроӣ низ бо забони маҳаллӣ гузаронида шуда, иштроки занон афзоиш меёбад (56%).
  2. Иштироки васеи аҳолии маҳаллӣ тавассути ҷалби ҳукуматҳои маҳаллӣ бо мақсади беҳтар сохтани паҳнсозии технологияҳо ва навъҳои нави татбиқшуда. – Иштироки ҷомеа дар сурати ширкат варзидани ҳукумати маҳаллӣ дар лоиҳа самараноктар дониста мешавад. Иштироки ҳукумати маҳаллӣ ба амалисозии лоиҳа имкон дод, ки манфиатгирандагони бештар ҷалб карда шаванд. Намояндагони ҳар як ҷамоате, ки мо дар он ҷо кор мекунем, дар тамоми чорабиниҳои лоиҳа, аз қабили омӯзишҳо, рӯзҳои намоишӣ ва ғайра, ширкат меварзанд. Барои то ҳадди имкон амиқтар кардани таъсир, мушовирон аз ҳар як ҳукумати маҳаллӣ ба кори паҳнсозии маълумот ва дастурамалҳои чопӣ ҷалб карда шуданд.
  3. Ба сармоя мубаддал намудани тамаркузи иқтисодии соҳаи кишоварзӣ – барои намоиш додани маҳсулнокии баланди навъҳо ва технологияҳои ҷоришуда ба деҳқонони маҳаллӣ, CIP дар вилояти Хатлон қитъаи намоишии парвариши саноатии картошкаро таъсис дод. Тиҷорикунонии бартариятҳои инноватсияҳои ҷоришуда тавассути дар миқёси васеъ паҳн кардани навъҳо, технологияҳои ҷоришуда сурат гирифт, ки ин ба деҳқони манфиатгиранда фоидаи зиёд медиҳад.
  4. Муборизаи такмилёфтаи маҷмуӣ бо ҳашароти зараррасон– аз рӯи мушоҳидаҳои мо истифодаи капсулаҳои феромон барои назорат ва муайянсозии паҳншавии ҳашароти зараррасон, ки меъёри ниҳоии муҳитизистӣ/иқтисодии истифодаи пестисидҳоро муқаррар месозад – ки аз ҷиҳати бехатарии муҳити зист ва хароҷоти истеҳсолӣ хеле самаранок буд – акнун деҳқонон маводҳои ҳимояи растаниро танҳо вақте истифода мебаранд, ки паҳншавии ҳашароти зараррасон аз меъёри муҳитизистӣ/иқтисодӣ зиёд мешавад.

Recent Posts

  • Исследования CIP клонов картофеля, проведенные Национальной системой сельскохозяйственных исследований в Таджикистане.

    ДИССЕРТАЦИИ ПРОДУКТИВНОСТЬ И УСТОЙЧИВОСТЬ ГИБРИ...
  • Фестивал навъи картошкаи ширини норанчиро чашн мегирад

    Маркази Байналмиллалии Картошкапарвари фестивал...
  • Harvesting Event at school

    Хонандагон дар бораи имтиезхои картошкаи ширин омухтанд

    Хамчун як кисми ташаббус борои коридан ва истиф...
  • Создание сада питания в школах Хатлонской области, 2018 мая

    Маркази Байналмилалии Картошка (CIP) дар ҳамкор...
  • Намояндагони донор аз маҳалҳои амалисозии лоиҳа боздид карданд

    14 майи соли 2018. Намояндагони донор аз маҳалҳ...

RECENT POSTS

  • Исследования CIP клонов картофеля, проведенные Национальной системой сельскохозяйственных исследований в Таджикистане.

    ДИССЕРТАЦИИ ПРОДУКТИВНОСТЬ И УСТОЙЧИВОСТЬ ГИБРИ...

© 2018. All rights reserved.

TOP