Фаъолиятҳо дар доираи ҷузъҳои лоиҳа #2
Ҷузъ: Баланд бардоштани самаранокии истеҳсоли картошка бо роҳи ҷорӣ ва паҳн кардани а) клонҳои ба хушксолӣ тобовар ва аз дарозии рӯз новобастаи картошка, ки ба шароити маҳаллӣ мутобиқ аст, б) технологияи хоҷагидории нав ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок ва 3) такмил додани амалияи идоракунии истеҳсолот дар хоҷагиҳои хурд.
Дар мавсими дуюми парвариш чор қитъаи намоишӣ ташкил карда шуданд, то ки навъҳои саноатӣ бо навъҳои CIP (396311.1, 394034.7 ва 720090) муқоиса карда шаванд ва усулҳои ба таври сунъӣ қатъ намудани беҳаракатӣ ва истеҳсол намоиш дода шаванд
- Натиҷа: Ҳосилнокии клони CIP 720090 аз навъи саноатии маҳаллии “Аладдин” 43.72% баландтар аст, ки ин даромади деҳқононро тақрибан 40–50% (27000 сомони/га ё $3,200/га) баланд мебардорад. Маҳсулнокии ду клони дигари CIP ҳам (12-13%) аз навъи саноатӣ беҳтар аст.
- Натиҷа: Ҳар се клони муосири CIP (396311.1, 394034.7 ва 720090) нисбат ба навъи “Аладдин” ба омилҳои абиотикӣ (гармӣ, хушксолӣ) ва биотикӣ (ҳашароти зараррасон, бемориҳо) бештар тобоваранд.
- Натиҷа: Навъи картошкаи CIP 720189 дар Тоҷикистон бо номи ‘Сурхоб’ ба қайд гирифта шуд.
- Чор қитъаи намоишӣ (315 м2 ҳар кадом) барои истеҳсоли картошкаи барвақтӣ дар зери навори пластикӣ аз навъҳои муосири CIP (720090, 396311.1, 394034.7, ва 397077.16) дар деҳоти ноҳияҳои Вахш, Бохтар ва Ёвони вилояти Хатлон ташкил карда шуданд.
- Қитъаи намоишии истеҳсоли картошкаи саноати дар вилояти Хатлон дар майдони 2400 м2 дар деҳаи Чапаеви ҷамоати Рӯдакии ноҳия Вахш барпо карда шуд. Бартариҳои инноватсия тавассути паҳнсозии навъҳо ва технологияҳои татбиқшуда дар миқёси саноатӣ парвариш карда мешаванд, ки ин ба деҳқонони манфиатгиранда фоидаи зиёд меорад.
- Ду иншооти нигоҳдорӣ (яхдонҳои бо CoolBot муҷаҳҳазшуда) барои коркарди картошкаи тухмӣ бо мақсади қатъ кардани беҳаракатӣ дар хоҷагиҳои Аҳмад Зоиров ва Убайдулло Назриев сохта шуданд. Ҳарду деҳқонон аз мавсими парвариши соли 2018 сар карда, метавонанд тухмии картошка таъмин намоянд ва ба истеҳсолкунандагони тухмии картошкаи анъанавӣ дар вилоят мубаддал мегарданд. Ин усул ба таври фаъолона дар байни деҳқонон паҳн карда мешавад, зеро дар мавсими дуюми парвариш норасоии шадиди тухмии картошка ба назар мерасад (он дар моҳи июл дастрас нест).