Вазъият ва роҳи ҳал
Дар Тоҷикистон 10,4 фоизи аҳолӣ бо маблағи камтар аз 1,25 доллари ИМА дар як рӯз зиндагӣ мекунанд ва аксарияти занон ва кӯдакон ғизои кофӣ истеъмол намекунанд. Норасоии умумии маводи ғизоии асосӣ, аз ҷумла витамини А, оҳан, руҳ, йод ва протеинҳои ҳайвонӣ боиси он гардидааст, ки 30% кӯдакони то 24-моҳа ба қадпастӣ ва 7% ба лоғарӣ гирифтор шудаанд. Лоиҳа кӯшиш менамояд, ки бо роҳи пешниҳод кардани тухмиҳо, навъҳо ва технологияҳои нав, омӯзонидани деҳконони маҳаллӣ ва оилаҳои онҳо оиди истифодаи ин зироатҳо, дар минтақаи нуфузи лоиҳаи Озуқаворӣ ба хотири оянда дар 12 ноҳияи Вилояти Хатлон, сатҳи истеҳсол ва истеъмоли навъҳои беҳтари сабзавотро, ки дар таркибашон миқдори зиёди витамини А, оҳан ва/ё руҳ доранд, баланд бардорад. Технологияҳои мазкур аз ҷорӣ намудани парвариши картошкаи ширини мағзаш норанҷӣ, истеҳсоли картошкаи барвақтӣ, аз ҳолати беҳаракатӣ баровардани картошкаи ҳосили нав барои кишти такрории он дар мавсими дуюми парвариш ва истифодабарии тӯри ҳашарот барои ҳифзи ниҳоли картошка аз ширинча, магаси сафед ва ҳашароти гуногун иборатанд.